Август 22, 2017 17:34 Asia/Dushanbe
  • Овораи қалбакӣ, ки масъули фурӯши духтарони эзадӣ буд

Фарде, ки ба унвони яке аз оворагони минтақаи Талафар бо як шабакаи телевизионӣ мусоҳиба карда буд, масъули фурӯши духтарони эзадӣ дар гурӯҳи террористии ДИИШ аз кор даромад.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, як духтари эзадӣ ба номи Ивана Валид, дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт: Яке аз оворагони Талафар, ки дар як шабакаи телевизионӣ нишон дода шуд, овора нест, балки яке аз аносури ДИИШ аст ва Абуалӣ ном дорад .

Ин духтар, ки худ аз қурбониёни иқдомоти ДИИШ аст, афзуд: “Ҳамин фард маро чанд бор хариду фурӯш карда буд. Аслан наметавонам чеҳраашро фаромуш кунам. Ӯ масъули хариду фурӯши ҳамаи духтарон дар Талафар буд”.

Ивана Валид бо ибрози итминон аз инки ин террористи дииширо ба дурустӣ шиносоӣ кардааст, аз давлати Ироқ хост, Абуалиро бозҷуӣ кунанд, зеро ӯ медонад, ки аксари духтарони эзадӣ куҷо ҳастанд ва чи балое сари онҳо омадааст .

Ба гуфтаи ин духтари эзадӣ, садҳо диишӣ дар зоҳири хонаводаҳои овора аз Талафар фирор кардаанд .

Амалиёти озодсозии шаҳри Талафари Ироқ аз ишғоли ДИИШ рӯзи 20 август оғоз шуд .