Талоши ДИИШ барои интиқоли пулҳояш ба хориҷ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i22200-Талоши_ДИИШ_барои_интиқоли_пулҳояш_ба_хориҷ
Як рӯзномаи англисӣ аз такопӯи гурӯҳи террористии ДИИШ барои интиқоли пулҳояш ба хориҷ аз манотиқи таҳти контроли худ дар Ироқу Сурия хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 25, 2017 13:57 Asia/Dushanbe
  • Талоши ДИИШ барои интиқоли пулҳояш ба хориҷ

Як рӯзномаи англисӣ аз такопӯи гурӯҳи террористии ДИИШ барои интиқоли пулҳояш ба хориҷ аз манотиқи таҳти контроли худ дар Ироқу Сурия хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, рӯзномаи “Файнаншл таймз” навишт, гурӯҳи террористии ДИИШ, ки манотиқи таҳти контроли худро дар Ироқ ва Сурия ба суръат аз даст медиҳад, тавлиди нафту таҳмили воҳиди пулии худ бо қимати ноодилона ба сокинони маҳаллиро афзоиш додааст. Ин рӯзнома меафзояд, авлавияти кунунии ДИИШ интиқоли ин амвол ба хориҷ аз манотиқи таҳти контроли худаш аст ва давлатҳои ғарбӣ бим аз он доранд, ки ДИИШ аз ин амвол барои ҳимояти молӣ аз ҳамалоти террористии ҷадид дар кишварҳои аврупоӣ истифода мекунад.

“Financial Times” навишт, террористҳо талош мекунанд, то бештарин пули мумкинро ҷамъоварӣ ва аз тариқи шабакаи сареи интиқоли молӣ ва сармоягузорӣ аз манотиқи таҳти контроли худ хориҷ кунанд. Ин рӯзнома бо таъкид бар ин ки ДИИШ ҳамчунон як миллион доллар нафт мефурӯшад, афзуд, ДИИШ пули нафтро барои сармоягузорӣ истифода карда, дар Ироқ саррофӣ, меҳмонхона ва ширкатҳои дорусозию бемористонҳои хусусӣ харидааст.