Аҳмақтарин диишӣ дастгир шуд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i22679-Аҳмақтарин_диишӣ_дастгир_шуд
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Ироқ як террористи дииширо, ки ба тозагӣ боздошт шудааст, аҳмақтарин диишӣ номиданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 06, 2017 14:44 Asia/Dushanbe
  • Аҳмақтарин диишӣ дастгир шуд

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Ироқ як террористи дииширо, ки ба тозагӣ боздошт шудааст, аҳмақтарин диишӣ номиданд.

Ба гузориши шабакаи “Русия ал-Явм”, террористҳои диишӣ маъмулан барои раҳоӣ аз марг, талош мекунанд бо либоси занона бигурезанд ва нерӯҳои ироқӣ аз оғози амалиёти озодсозии сарзаминҳои ин кишвар аз ишғоли ДИИШ борҳо террористҳоеро дар либоси занона дастгир кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои ироқӣ ахиран низ як террористи дииширо дар пӯшиши занона дастгир карданд, аммо нуктаи ҷолиб дар бораи ин фард ин аст, ки ӯ агарчӣ либоси комили занона бар тан дошт ва сурати худро ороиш карда буд, аммо фаромӯш карда буд, ки ришу бурут (мӯйлаб)-и худро комилан битарошад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баъд аз интишори акси ин террорист лақаби аҳмақтарин дииширо ба вай доданд.