Нақши Амрико дар зуҳури ДИИШ дар Афғонистон
Раиси иҷроии давлати Афғонистон ба нақл аз мақомоти русӣ гуфт: Амрико гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар Афғонистон ба вуҷуд овардааст.
Абдулло Абдулло дар нишасти амниятии Halifax Regional дар Канада гуфт: Як мақоми аршади низомии Русия дар дидор бо мақомҳои афғон дар Кобул таъкид карда, ки Амрико ДИИШ-ро дар Афғонистон ба вуҷуд овардааст .
Раиси иҷроии давлати Афғонистон гуфт, Афғонистон шакке надорад, ки ДИИШ душмани Эрон аст, бинобарин бо ин гурӯҳи террористӣ монанди як душман бархурд мекунад, зеро Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя ба вижа Эрони равобити хубе дорад .
Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон ва намояндагони афғон низ борҳо кишварҳои хориҷӣ ба вижа Амрикоро ба ҳимоят аз гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон муттаҳам кардаанд .
Афзоиши фаъолиятҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистон, нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русияро барангехтааст .