Декабр 17, 2017 16:55 Asia/Dushanbe
  • Ифшои хариди гаронтарин қасри ҷаҳон аз сӯи валиаҳди Саудӣ

Валиаҳди Арабистон, ки ба тозагӣ иддаои мубориза бо фасодро ба манзури пур кардани хазонаи холии Арабистон оғоз карда, қасри Фора дар Фаронсаро харидорӣ кардааст.

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс, чопи Амрикои фош кард, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон илова бар хариди қаср, як каштии тафреҳӣ ба арзиши 500 миллион доллар ва расми 450 миллион долларии Леонардо Давинчӣ, наққоши Аврупоиро дар гузашта харидорӣ кардааст.

Ин вилхарҷиҳои Муҳаммад бин Салмон дар ҳолест, ки иқтисоди Арабистон ба иллати коҳиши шадиди қиммати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ҳазинаҳои сарсомовари ҷанги Яман ва кумаки Оли Сауд ба гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқу Сурия, ба шиддат дучори рукуд шудааст .