Декабр 30, 2017 19:40 Asia/Dushanbe
  • Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман паҳподи эътилофи Саудиро сарнагун кард

Як мақоми низомии яманӣ аз сарнагун шудани як паҳпод (ҳавопаймои бедуни сарнишин)-и шиносоии эътилофи Саудӣ дар шаҳри марзии Ҳирз дар устони Ҳиҷҷа, тавассути ягони дифои ҳавоии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, хабар дод.

Ба гузориши шабакаи хабареи “Ал Маёдин”, ин манбаи низомӣ гуфт, ки ягони дифои ҳавоии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, субҳи имрӯз (шанбе) паҳподи шиносоии эътилофи Саудиро дар устони Ҳиҷҷа дар ғарби Яман ҳадаф қарор дода ва онро сарнагун кард. Ин шабака ба нақл аз баёнияи вазорати дифои Яман таъкид кард, ки ҳамчунин дар ҳамлаи неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба мавозеи мутаҷовизони арабистонӣ ва неруҳои тарафдор мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфӣ дар атрофи шаҳри Ҷизон дар хоки Арабистон, шумори зиёде аз низомиён Саудӣ ва муздурони онҳо кушта ва шумори дигаре захмӣ шуданд.

Дар ҳамлаи ҳавоии субҳи имрӯзи эътилофи Саудӣ ба ҷануби устони Ал Ҳудайда дар ғарби Яман, 10 зан кушта шуданд. Ин дар ҳоле аст, ки вазорати беҳдошти Яман дишаб (ҷумъа) эълом кард, ки тайи ду ҳафтаи гузашта, даҳҳо ҳамлаи ҳавоии мутаҷовизони эътилофи Саудӣ ба шаҳрҳои Яман бар инҳидоми марокизи беҳдоштӣ, 136 кушта бар ҷо гузошт.

Эътилофи арабӣ - амрикоӣ ба саркардагии Арабистон аз марти 2015 токунун Яманро мавриди таҷовузи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ қарор дода, ки бар асари он, беш аз 13 ҳазор шаҳрванди яманӣ шаҳид ва ҳазорон нафари дигар низ захмӣ шудаанд.