Январ 01, 2018 14:27 Asia/Dushanbe
  • Саҳюнистҳо Каронаи Бохтариро ҳам мехоҳанд

Режими саҳюнистӣ барои ишғоли Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва афзудани он ба сарзаминҳои таҳти тасарруфи худ, талош мекунад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, Кумитаи марказии ҳизби “Ликуд”, Ҳизби ростгарои нахуствазири режими саҳюнистӣ, рӯзи якшанбе ба тарҳе раъй дод, ки аз намояндагони ин ҳизб дар парлумони режими саҳюнистӣ тақозо мекунад, то барои афзудани Каронаи Бохтарӣ ба хоки Фаластини ишғолӣ, талош кунанд.

Ҷунбиши ибтикори миллии Фаластин дар вокуниш ба ин тасмим эълом кард, тасмими ҳизби саҳюнистии “Ликуд” ба илҳоқи Каронаи бохтарии рӯди Урдун ба Фаластини ишғолӣ ба муоҳидаи Осло поён дод.

Мустафо Барғусӣ, дабири кулли ин ҷунбиш вокуниши фаврӣ ва амалии ҷаҳони Ислом ва арабро ба ин тасмим хостор шуд ва таъкид кард, муборизаи Фаластин вориди марҳалаи ҷадиде шудааст, бино бар ин тадвини роҳбурди миллии ҷойгузин, ба ҷои роҳбурди шикастхӯрдаи кунунӣ, зарурӣ аст.

Дар ҳоли ҳозир чандин шаҳраки саҳюнистнишин дар Каронаи Бохтарӣ вуҷуд доранд, ки бар асоси қавонини низомӣ идора мешаванд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳраксозии режими Исроилро дар сарзаминҳои ишғол шуда, пас аз соли 1967 борҳо маҳкум кардааст.