Вокунишҳо ба рӯнамоӣ аз микрофони тилоии Масҷидулҳаром
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i28201-Вокунишҳо_ба_рӯнамоӣ_аз_микрофони_тилоии_Масҷидулҳаром
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз интишори тасвире аз микрофони тилоии Масҷидулҳаром дар сафҳаи твитерии мудирияти умури ҳарамайни шарифайн интиқод мекунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 09, 2018 19:03 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳо ба рӯнамоӣ аз микрофони тилоии Масҷидулҳаром

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз интишори тасвире аз микрофони тилоии Масҷидулҳаром дар сафҳаи твитерии мудирияти умури ҳарамайни шарифайн интиқод мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, сафҳаи мудирияти умури ҳарамайни шарифайн дар “Твиттер” аксе аз микрофони ба тамом тилоии ҷадиди ҳарами маккӣ мунташир кардааст.

Интишори ин тасвир бо вокуниши бисёре аз фаъолони иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ин фаъолон таъкид мекунанд, дар ҳоле ки бисёре аз мусалмонон дар фақр зиндагӣ мекунанд, кумак ба онон, бахусус фақироне, ки дар сарзамини Арабистон зиндагӣ мекунанд, авлавият дорад.