Январ 20, 2018 15:20 Asia/Dushanbe
  • Террори се ҳазор нафар ба дасти Моссад

Рӯзноманигор ва нависандаи исроилӣ фош кард, бар асоси таҳқиқоти ӯ, Созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ (Моссад) то кунун дастикам се ҳазор нафарро террор кардааст.

Ба гузориши ИРНА, ҳафтаномаи олмонии “Шпигел” рӯзи шанбе ба нақл аз Ронен Бергман (Ronen Bergman), рӯзноманигори исроилӣ навишт, натоиҷи таҳқиқот нишон медиҳад, ки Моссад, дар маҷмӯъ, дастикам се ҳазор нафарро террор кардааст, ки байни онҳо илова бар касоне, ки ҳадафи террор буданд, бисёре аз мардуми бегуноҳ низ  буд. Ба гуфтаи Бергман, дар интифозаи дувуми Фаластин рӯзҳое буд, ки дастури қатли ҳадафманди чаҳор то панҷ нафар, ки маъмулан аз аъзои Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) буданд, содир мешуд. Ин рӯзноманигори саҳюнист гуфтааст, дар таҳқиқоти худ бо даҳҳо нафар, аз ҷумла шаш тан аз раисони собиқи Моссад ва шаш нахуствазири режими саҳюнистӣ, аз ҷумла Эҳуд Барак, Эҳуд Олмерт ва Бинёмин Натанёҳу мусоҳиба кардааст.

Созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ дар 30 соли ахир ҳадди ақал 16 раҳбари фаластинӣ ва арабро дар 14 амалиёт дар 11 кишвари ҷаҳон террор карда, дар террори донишмандони ҳастаии Эрон низ нақш доштааст.