Феврал 07, 2018 12:16 Asia/Dushanbe
  • Духтари калони Саддом сукуташро шикаст

Рағад- духтари калонии Саддом Ҳусайн (диктатори сарнагуншудаи Ироқ), ки номаш дар рӯйхати муҳимтарин афроди таҳти ҷустуҷӯи давлати Ироқ сабт шудааст, пас аз солҳо сукуташро шикаст.

Ба гузориши Еврониюс, Рағад дар мусоҳибаи телефонӣ бо Аларабия дар вокуниш ба будани номаш дар рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯи  давлати Ироқ гуфт: Дар замоне, ки Ироқ аз ишғол рангҷ мебарад онҳо магар ҳеҷ кори дигаре ҷуз пардохтан ба ман надоранд?

Вай афзудааст: Дар давлати падараш ҳеҷ гуна мансабе надоштааст ва аз соли 2003, ки аз кишвар хориҷ шуда дигар ба Ироқ бознагаштааст.

Рағад бо ҳамроҳи хоҳараш Раъно ва фарзандонашон дар тобистони соли 2003 ба Урдун гурехтанд ва акнун дар ин кишвар ба сар мебаранд.

Духтари калонии Саддом Ҳусайн ҳамчунин гуфтааст,ки рӯзе аз тамоми касоне ки ӯро мавриди озору азият қарор додаанд, шикоят хоҳад кард.

Давлати Урдун то ҳол ба дархости давлати Ироқ барои истирдоди вай посухи манфӣ дода ва гуфтааст истирдоди ӯ  хилофи суннати меҳмоннавозии арабӣ аст.

Рӯйхате, ки давлати Ироқ таҳти унвони афроди таҳти ҷустуҷӯ мунташир карда шомили 60 нафар аз гумонбарони  узвият дар гуруҳҳои ДИИШ, Алқоида ва ҳизби БАЪС-и Ироқ аст.