Афзоиши қурбониёни ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба як арусӣ дар Яман
Апрел 23, 2018 19:49 Asia/Dushanbe
Теъдоди қурбониёни ҳамлаи ахири ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба як маросими арусӣ дар устони Ҳаҷҷа дар ғарби Яман, ба 88 кушта ва захмӣ расид.
Як манбаи бемористонӣ дар Яман эълом кард: Шумори қурбониёни ин маросими арусӣ дар рустои Алроқа дар минтақа Банӣ Қайс дар устони Ҳаҷҷа ба 33 кушта ва 55 маҷрӯҳ афзоиш ёфтааст.
Шабакаи Алмасира дар паи ин ҳамла эълом кард: Ҳавопаймоҳои ҷангандаҳои Арабистон монеъ аз расидани тимҳои имдод ба рустои Алроқа ҷиҳати имдодрасонӣ мешаванд.