Афзоиши қурбониёни ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба як арусӣ дар Яман
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i33102-Афзоиши_қурбониёни_ҳамлаи_ҷангандаҳои_Саудӣ_ба_як_арусӣ_дар_Яман
Теъдоди қурбониёни ҳамлаи ахири ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба як маросими арусӣ дар устони Ҳаҷҷа дар ғарби Яман, ба 88 кушта ва захмӣ расид.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 23, 2018 15:19 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қурбониёни ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба як арусӣ дар Яман

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи ахири ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба як маросими арусӣ дар устони Ҳаҷҷа дар ғарби Яман, ба 88 кушта ва захмӣ расид.  

Як манбаи бемористонӣ дар Яман эълом кард: Шумори қурбониёни ин маросими арусӣ дар рустои Алроқа дар минтақа Банӣ Қайс дар устони Ҳаҷҷа ба 33 кушта ва 55 маҷрӯҳ афзоиш ёфтааст.  

Шабакаи Алмасира дар паи ин ҳамла эълом кард: Ҳавопаймоҳои ҷангандаҳои Арабистон монеъ аз расидани тимҳои имдод ба рустои Алроқа ҷиҳати имдодрасонӣ мешаванд.