Май 10, 2018 15:21 Asia/Dushanbe

Манобеи хабарӣ ва шоҳидон имаҳалли вуқӯи инфиҷорҳои бузург, оташсӯзӣ ва рафту омади густурдаи мошинҳои ёрии таъҷилиро дар чанд маркази ҳассоси низомӣ дар Ҷавлони ишғолӣ таъйид кардаанд.

Пойгоҳҳои низомии режими саҳюнистӣ дар баландиҳои ишғолии Ҷавлон, бомдоди рӯзи панҷшанбе омоҷи ҳамалоти мушакии Сурия буд.

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ шумори мушакҳоро 20 адад эълом кард ва муддаӣ шуд, бархе аз онҳо раҳгирӣ шудаанд; Аммо манобеи мустақил шумори мушакҳоро 68 адад эълом кардаанд.

Шабакаи “Ал Маёдин” гузориш дод, режими саҳюнистӣ аз ҳама хоста нуқоте, ки дар ҳамалоти мушакӣ ҳадаф қарор гирифтаанд, махфӣ нигоҳ дошта шавад.

Шабакаи “Ал Олам” ҳам гузориш дод, Сурия, мавозеи низомии ҳассос дар Ҷавлони ишғолиро ҳадаф қарор дод ва режими ишғолгарро сардаргум кард.

Бомдоди имрӯз (панҷшанбе) ҳам чанд мушак манотиқи мухталифи Димишқ, пойтахти Сурияро ба ларза даровард ва садои он дар саросари Димишқ шунида шуд.

Падофанди ҳавоии артиши Сурия, теъдоде аз мушакҳои шилликшуда аз сӯи режими саҳюнистиро раҳгирӣ ва мунҳадим кард.

Пеш аз ҳамлаи мушакии Сурия ба Ҷавлони ишғолӣ, режими саҳюнистӣ бо тӯпхона, шаҳри Ал Баъс, воқеъ дар минтақаи Ал Қунайтара дар ҷануби Сурияро ҳадаф қарор дода буд.