Июн 25, 2018 20:18 Asia/Dushanbe
  • Кушта ва захмӣ шудани ғайринизомиёни яманӣ дар ҳамлаи ҷангандаҳои эътилофи Саудӣ

Бар асари ҳамлаи ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба манотиқи маскунии шаҳри Умрон дар устони Санъои Яман 24 шаҳрванди яманӣ кушта ва захмӣ шуданд, ки бештари ин афрод занон ва кӯдакон ҳастанд.

Абдулқодир Муртазо, раиси Кумитаи миллии умури усаро дар Яман ҳам эълом кард: Дар ҷарёни табодули усаро миёни артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо нерӯҳои вобаста ба Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфӣ дар соҳили ғарбӣ, 40 тан аз усарои нерӯҳои давлати мустаъфӣ дар муқобили озодии 74 тан аз усарои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман озод шуданд.  

Хабари дигар инки таи 23 рӯзи гузашта нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, як нови иморотӣ ва 331 мошини зиреҳӣ ва таҷҳизоти онро дар савоҳили Алҳудайда мунҳадим карданд.