Сентябр 06, 2016 12:14 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии се гӯри ҷамъии ҷадид дар Ироқ

Нерӯҳои ироқӣ се гӯри ҷамъии ҷадид дар Тикрит, маркази устони Салоҳуддини Ироқро шиносоӣ карданд.

Ба гузориши рӯзи душанбеи пойгоҳи хабарии "Сумария-нюс", ин се гӯри ҷамъӣ аз қурбониёни куштори "Спайкер" буданд, ки наздики Маҷмӯаи қасри раёсати ҷумҳурии режими Саддом дар Тикрит кашф шудааст. 

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар июни соли 2014, пас аз суқути Мусил 1 700 нафар аз ҷавонони ироқиро, ки умуман аз устонҳои ҷануб ва маркази Ироқ буданд ва барои фаро гирифтани омӯзишҳои низомӣ ба пойгоҳи "Спайкер", дар шимоли Тикрит рафта буданд, боздошт ва ба сурати ҷамъӣ онҳоро ваҳшиёна ба қатл расонданд.

Пештар Вазорати додгустарии Ироқ дар зиндони марказии "Носирия", воқеъ дар устони Зиқор, ҷануби Ироқ ҳукми эъдоми 36 маҳкуми фоҷеаи "Спайкер-ро иҷро карда буд.

Хабари дигар аз Ироқ ин ки нерӯҳои амниятии Бағдод 26 мушакро дар манотиқи мухталифи Бағдод, пойтахти Ироқ кашфу забт карданд.

Нерӯҳои ироқӣ ҳамчунин як анбори бузурги муҳиммоти гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар шаҳри Фаллуҷа, устони Аланбор шиносоӣ карданд, ки дар ин анбор миқдори зиёде аслиҳа, мушак ва бастаҳои инфиҷорӣ захира ва нигаҳдорӣ мешуд.