Истиқболи Натаняҳу аз бозгашти таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон
Нахуствазири режими саҳюнистӣ шаби душанбе аз иқдоми Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бозгардондани таҳримҳои ин кишвар алайҳи Эрон истиқбол кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Бинёмин Натаняҳу дар паёми видеоие зимни истиқбол аз ин иқдоми Трамп аз Иттиҳоди Аврупо низ хост, музокира бо Теҳронро мутаваққиф ва ба Амрико бипайвандад.
Трамп асри душанбе тайи фармоне бархе таҳримҳои ғайриқонунии ин кишвар алайҳи Эронро бозгардонд. Трамп дар баёнияе эълом кард, аз рӯзи сешанбе, 7 август таҳримҳои саноати мошинсозӣ, тило ва риёли Эрон иҷроӣ мешавад ва таҳримҳои бонкию нафтӣ низ аз 5-уми ноябри соли 2018 иҷроӣ хоҳанд шуд. Раисҷумҳури Амрико дар ин баёния бори дигар БарҶОМ-ро тавофуқи «ваҳшатнок» хонда эълом кард, кишварҳое, ки равобити иқтисодияшонро бо Эрон қатъ накунанд, дар маърази он чӣ вай «авоқиби сангин» хонд, қарор хоҳанд гирифт. Трамп дар ин баёния кӯшид, ширкатҳои аврупоиро ба хурӯҷ аз Эрон таҳрик кунад. Ин дар ҳолест, ки Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе дар баёнияе бо ибрози таассуф аз бозгашти таҳримҳои Амрико аз иҷроӣ шудани қавонини масдудсоз барои муқобила бо таҳримҳои Амрико хабар дод ва таъкид кард, барои ҳифзи канали молии муассир бо Эрон ва идомаи фурӯши нафт ва гази Эрон талош мекунад.
Трамп 8-уми май хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ-ро эълом кард. Ин иқдоми ӯ бо интиқодоти густурдаи ҷаҳонӣ, бавижа дигар тарафҳои имзокунандаи БарҶОМ рӯ ба рӯ шуд. Бритониё, Фаронса, Русия, Чин, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо эълом карданд, ба БарҶОМ пойбанд буда ва аз он ҳимоят мекунанд.