Сентябр 22, 2018 15:20 Asia/Dushanbe
  • Оғози амалиёти густардаи неруҳои ироқӣ алайҳи террористҳо

Неруҳои амниятии Ироқ, амалиёти низомии густардаи худро алайҳи унсурҳои террористӣ дар се вилояти ин кишвар оғоз карданд.

Ба нақл аз Русия Алявм, Маркази иттилоърасонии ахбори амниятии Ироқ рӯзи шанбе эълом кард: Неруҳои амниятӣ ба ҳамроҳи неруҳои басиҷи ашойир, амалиёти густардаеро дар се вилояти Аланбор, Салоҳиддин ва Найнаво оғоз карданд.

Бар асоси ин гузориш, амалиёти неруҳои ироқӣ бо ҳимояти неруи ҳавоии артиш барои поксозии минтақаҳои саҳроӣ миёни вилоятҳои Алъанбор, Салоҳиддин ва Найнаво ба самти марзҳои муштараки Ироқ ва Сурия сурат мегирад.

Неруҳои амниятии Ироқ пас аз поёни ҳузури низомии гуруҳи террористии ДИИШ дар Ироқ, амалиёти низомии худро барои таҳти пайгард қарор додан ва аз байн бурдани унсурҳои боқимонда аз гуруҳи террористии ДИИШ дар вилоятиҳои мухталифи ин кишвар оғоз кардаанд.

 

Барчасп