Октябр 04, 2018 17:19 Asia/Dushanbe
  • Шиллики мушаки баллистик ба мавозеи эътилофи Саудӣ - Иморотӣ

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман як адад мушаки баллистики кӯтоҳбурд ба мавозеи эътилофи Саудӣ, шиллик карданд.

Вебсойти вобаста ба гурӯҳи Ансоруллоҳи Яман имрӯз (панҷшанбе) аз шиллик як адад мушаки баллистик ба мавозеи «мунофиқон», дар ғарби Яман хабар дод.

Ансоруллоҳ, Арабистон ва Иморотро ҷабҳаи душмани мунофиқ медонад ва аз «эътилофи арабӣ» ба раҳбарии Арабистон ба номи «эътилофи амрикоӣ-саудӣ» ёд мекунад.

Бар асоси ин гузориш, ин мушаки баллистики кӯтоҳбурд сохти дохил буда ва хисоратҳои ҷонӣ ва молӣ ба эътилоф ворид кардааст.

Ягони мушакии артиши Яман ва Ансоруллоҳ чаҳоршанбешаб низ чаҳор мушаки баллистики дигар ба ҷануби Арабистон шиллик кард. Ин чаҳор мушак «Зилзол-1» ба сурати ҳамзамон ба самти маҳалли таҷаммӯи шибҳинизомиён дар Асир шиллик шуд.

Нируҳои ягони мушакии артиши Яман ва Ансоруллоҳ асри рӯзи чаҳоршанбе низ се мушаки баллистики «Зилзол-1» -ро ба сурати ҳамзамон ба самти мавозеи шибҳинизомиён дар Ҷизон воқеъ дар ҷануби Арабистон шиллик карданд.

Арабистон ҳамроҳ бо чанд кишвари дигар аз рӯзи 26 марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар ба баҳонаи бозгардондани Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат кард.

Сарфи назар аз ин ки ин таҷовузи низомӣ токунун натанҳо ҳеҷ як аз аҳдофи эъломи эътилофи Саудиро муҳаққақ накардааст ва танҳо сабаби вайронии кишвари Яман, куштор ва оворагии мардуми ин кишвар шудааст, бо вокунишҳои мушакии артиши Яман ва кумитаҳои мардумии вобаста ба Ансоруллоҳ ҳам мувоҷеҳ шудааст.