Ноябр 29, 2018 20:26 Asia/Dushanbe
  • Тадобири шадиди амниятӣ атрофи сафорати Арабистон дар Аргентина

Дар пайи сафари валиаҳди Саудӣ ба Аргентина, нерӯҳои амниятии ин кишвар тадобири амниятии атрофи сафорати Арабистонро дар Буэнос-Айрес шиддат доданд.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, ҳамзамон бо вуруди Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳдми Саудӣ ба сафоратм Арабистон дар пойтахтм Аргентина, таҷҳизотм ҷадидм амниятӣ дар атрофи сохтмони ин сафорат, мустақар шуд ва нерӯҳои амниятии Аргентина ҳамаи роҳҳои мунтаҳӣ ба онро бастанд.

Нерӯҳои амниятии Аргентина зимни ҷойгирии анбӯҳ дар атрофи сафорати Арабистон дар талош ҳастанд, то монеъ аз шаклгирии ҳар навъ тазоҳурот шаванд.

Нишасти сарони Гурӯҳи 20 дар ҳоле аз фардо ҷумъа дар Буэнос-Айрес оғоз мешавад, ки бо таваҷҷуҳ ба шиддат ёфтани ҷинояти саудиҳо дар Яман ва моҷарои қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ, ҳузури валиаҳди Арабистон дар ин нишаст, Буэнос-Айресро ба конуни эътирозҳо алайҳи вай табдил кардааст.

Иёлати Муттаҳида Амрико, Фаронса, Бритониё, Олмон, Италия, Чин, Япония, Русия, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Австралия, Туркия, Бразилия, Аргентина, Канада, Ҳинд, Кореяи Ҷанубӣ, Африқои Ҷанубӣ ва Мексика ва низ Иттиҳоди Аврупо, аъзои Гурӯҳи 20 ҳастанд.

 Ин маҷмӯа 85 дарсади иқтисоди ҷаҳонро дар ихтиёр дорад.