Созмони Милал: Яман бо бадтарин буҳрони инсонии ҷаҳон рӯбарӯ аст
(last modified Sat, 15 Dec 2018 08:24:47 GMT )
Декабр 15, 2018 13:24 Asia/Dushanbe
  • Созмони Милал: Яман бо бадтарин буҳрони инсонии ҷаҳон рӯбарӯ аст

Муовини дабири кулли Созмони Милал дар умури башардӯстона дар нишасти Шӯрои амният дар бораи Яман изҳор дошт, Яман бо бадтарин буҳрони инсонии ҷаҳон рӯбарӯ аст.

Марк Лоукок бо баёни ин ки бисёре аз хонаводаҳои яманӣ бидуни ҳеч сарпаноҳе ба идомаи зиндагӣ мепардозанд, изҳор дошт, миллионҳо нафар дар ин кишвар дучори норасоии ғизоии шадид ҳастанд.

Ҳамоҳангкунандаи умури инсонии Созмони Милали Муттаҳид дар Яман низ ахиран ҳушдор дод, идомаи ҷанг дар Яман ба қаҳтии саросарӣ дар ин кишвар меанҷомад.

Лиз Гранди изҳор дошт, дар сурати адами таваққуфи ҷанг дар Яман, бузургтарин қаҳтии қарн рух хоҳад дод.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз чаҳордаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.