Март 26, 2019 19:24 Asia/Dushanbe

Телевизиони Алмаёдин тасвирҳое аз роҳпаймоиҳои пуршӯри шаҳрвандони яманиро дар Санъо пахш кард.

Узви шӯрои олии сиёсии Яман дар ин роҳпаймоӣ, бар муқобила бо душман дар ҷабҳаҳои ҷанг ва дар арсаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ таъкид кард.

Султон Ассомеъӣ узви шӯрои олии сиёсии Яман гуфт: Мутаҷовизон барои тасаллут бар сарватҳои Яман ва мавқеияти ҷуғрофиёии он, бе онки ҳаққе дошта бошанд, ҳамлаҳои ваҳшиёнае алайҳи миллати Яман анҷом доданд,.

Вай афзуд, миллати бузурги Яман тасмим гирифт аз хок, номус ва ҳокимияти кишвари худ дифоъ кунад ва бо вуҷуди камбуди имконот, тавонист бо имон ва сабр дар чаҳор соли гузашта дар баробари душман биистад.

Узви шӯрои олии сиёсии Яман таъкид кард: Ба изни Худованд, ба зудӣ ба Арабистон, Аморот ва Амрико хоҳем гуфт, таслим шавед.

Вай дар бораи музокирот дар хусуси оташбас низ гуфт: Бар мавзеи собити ҷумҳурии Яман дар баробари сулҳ ва раванди мусолиматомез таъкид мекунем ва ҳамагӣ ба пойдории ин миллати бузург умедвор ҳастем.