Шайх Исо Қосим: танҳо роҳи муқобила бо Муомилаи қарн, муқовимат аст
Раҳбари наҳзати исломии Баҳрайн гуфт, танҳо роҳи муқобила бо Муомилаи қарн, муқовимат ва истодагӣ аст ва ин дар воқеъ дифоъ аз мардуми мазлуми Фаластин аст.
Ба гузориши ИРНО, шайх Исо Қосим раҳбари Наҳзати исломии Баҳрайн душанбешаб дар дуввумин ҳамоиши бузурги "ҷавонони муқовимат" дар шаҳри Қум (ҷануби Теҳрон) афзуд, мусалмонон бо истодагӣ муқобили Амрико ва режими саҳюнистӣ иҷозаи таҳаққуқи тарҳи шуми Муомилаи қаронро нахоҳанд дод.
Шайх Исо Қосим Муомилаи қарнро фуруши дин ва эмон ва ҳамроҳ шудан бо шайтон донист ва тасреҳ кард, воқеан хиҷолатовар аст, ки конфронси Муомилаи қарн дар Баҳрайн баргузор мешавад.
Раҳбари Наҳзати исломии Баҳрайн давлати Амрикоро як давлати шайтонӣ муаррифӣ кард ва гуфт, ҷанг ва низоъ миёни ҳаққу ботил ҳамвора вуҷуд доштааст, аммо дар ниҳоят ҳақ пирӯз хоҳад шуд.
Дуввумин ҳамоиши "Ҷавонони муқовимат" бо мавзӯи такрими шаҳидони Баҳрайн ва марги Муомилаи қарн бо ҳузури ҷамъе аз олимон ва руҳониён ва шахсиятҳои сиёсии Эрон ва кишварҳои исломӣ ва бо ҳузури густардаи ҷавонони беш аз 60 кишвар дар Қум баргузор шуд.
Муомилаи қарн тарҳи наве аз сӯи давлати Амрико аст, ки дар паи аз байн бурдани ҳуқуқи мардуми Фаластин аст. Ин тарҳ бо ҳамкории бархе кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистон ва Аморот таҳия шудааст.
Манома пойтахти Баҳрайн имрӯз ва фардо мизбони нишасти иқтисодӣ дар ростои иҷрои тарҳи амрикоӣ-саҳюнистии Муомилаи қарн аст.