Ҳарами имом Ҳусайн (а) ва ҳазрати Зайнаб (с) сиёҳпуш шуд
Ҳарами ҳазрати Абоабдуллоҳил Ҳусайн (а) дар Карбало ва ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) хоҳари бузургвори ишон дар ҳумаи шаҳри Димишқ асри рӯзи гузашта дар остонаи моҳи муҳаррам сиёҳпуш шуд.
Ба нақл аз хабаргузории Форс асри рӯзи гузашта ҳамзамон бо шаби аввали моҳи маҳрам ва азодории имом Ҳусайн (а) солори шаҳидон, парчами сурхи шаҳодат афрошта бар гунбади ҳарами имом Ҳусайн (а) бо парчами сиёҳи азо таъвиз шуд.
Дар ин маросим, ки бо ҳузури ҳазор нафар аз дилдодагони мактаби ҳусайнӣ баргузор шуд ҳозирон бо фарёдҳои лаббайк ё Ҳусайн омодагии худро барои посдорӣ аз мироси бузурги Ошуро эълом карданд.
Маросими таъвизи парчами ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) ҳам бо ҳузури ҷамъе аз зоирон ва муҷовирон дар Димишқ баргузор ва илова бар парчами гунбади ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Зайнаб (с) дигар шабистонҳо саҳни ин ҳарами мутаҳҳар низ сиёҳпуш шуд.
Ин маросим бо мушорикати мудофеони ҳарам аз Эрони исломӣ, Сурия ва ҳамчунин Ҳизбуллоҳи Лубнон, Афғонистон, Покистон ва Ироқ барпо шуд.
Ин байрақи сиёҳ то поёни моҳи сафар бар фарози гунбади тиллоии ҳарами Ақилаи банӣ Ҳошими ҳазрати Зайнаб (с) дар ҳумаи Димишқ барафрошта хоҳад буд, то намоде аз пирӯзии размандагони муқовимат бар маздурони такфирӣ бошад, ки дар кинаи худ сухтанд, аммо ҳаргиз дасти палидашон ба ҳарами мутаҳҳари ин бонуи бузургвор нарасид.