Октябр 30, 2019 21:20 Asia/Dushanbe
  • Таъвизи парчами гунбади ҳарами ҳазрати Зайнаб (с)

Парчами гунбади ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) таъвиз шуд.

Ҳамзамон бо оғози моҳи пурхайру баракати рабийулаввал, маросими маънавӣ ва бошукӯҳи таъвизи парчами боргоҳи ҳазрати Зайнаби кубро (с) бо ҳузури намояндаи мақоми муаззами Раҳбарӣ дар кишвари Сурия ва аъзову ходимони мӯкаби ҳавзаи илмияи Қазвин баргузор шуд.

Илова бар таъвизи парчами гунбади мутаҳҳари ҳарами ҳазрати Зайнаб (с), дар соири шабистонҳо ва саҳнҳои Ҳарами Мутаҳҳар, парчамҳои мишкӣ низ таъвиз шуд.

Ҳамчунин зиёрати Ошуро дар ҳарами бонуи дашти Карбало танинандоз шуд.