Шаҳодати панҷ яманӣ дар ҳамлаи саудиҳо ба Саъда
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i48718-Шаҳодати_панҷ_яманӣ_дар_ҳамлаи_саудиҳо_ба_Саъда
Арабистони Саудӣ имрӯз, ҷумъа дар ҳамлаи тӯпхонаӣ ва мушакӣ ба минтақаи марзии “Манба”, воқеъ дар устони Саъда, дастикам панҷ нафарро ба шаҳодат расонд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 29, 2019 21:25 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати панҷ яманӣ дар ҳамлаи саудиҳо ба Саъда

Арабистони Саудӣ имрӯз, ҷумъа дар ҳамлаи тӯпхонаӣ ва мушакӣ ба минтақаи марзии “Манба”, воқеъ дар устони Саъда, дастикам панҷ нафарро ба шаҳодат расонд.

Бинобар гузориши вебгоҳи “Алмасира”, ноҳияе аз минтақаи марзии “Манба” имрӯз, ҷумъа ҳадафи ҳамалоти тӯпхонаӣ ва мушакии Арабистони Саудӣ қарор гирифт ва илова бар шаҳодати панҷ ғайринизомӣ дар ин ҳамалот, хисоратҳое ба заминҳои зироатӣ ва манозили шаҳрвандон ворид омад.

Рӯзи панҷшанбе (дирӯз) низ як шаҳрванди яманӣ дар ҳамлаи нерӯҳои горди марзии Арабистон ба минтақаи Манба захмӣ шуд.

Ин ҳамалоти Арабистони Саудӣ дар ростои таҷовузоти эътилофи саудӣ-амрикоӣ алайҳи миллати Яман аст, ки аз панҷ соли пеш ҳамчунон идома дорад.