Январ 01, 2020 22:14 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти 740 ҳазор паноҳандаи сурӣ тайи чаҳор сол ба кишварашон

Маркази оштии Русия аз бозгашти 740 ҳазор паноҳандаи Сурия ба кишварашон аз сентябри соли 2015 то кунун хабар дод.

Ин маркази русии мустақар дар Сурия эълом кард, ки бозгашти ин теъдод паноҳанда ба иллати оғози бозсозии муассисоти иҷтимоӣ дар Сурия будааст.

Маркази оштии Русия ҳамчунин эълом кард, ки дар ҳоли ҳозир бозсозии 2 ҳазор хона, 220 мадраса, 166 ятимхона, 233 маркази пизишкӣ, 191 нонво, 198 истгоҳи барқрасонӣ ва 273 истгоҳи обрасонӣ дар устонҳои Идлиб, Димишқ, Дайруззур, Лозиқия, Ҳамоҳ, Ҳумс, Даръо, Ассувайдо ва Алқунайтара оғоз шудааст ва чунин иқдомоте раванди бозгашти паноҳндагонро тасреъ мекунад.

Аз июли соли 2018 (хурдоди 1397) 937 маркази омӯзишӣ, 277 маркази пизишкӣ, панҷ пул барои убури худравҳо, роҳандозии 188 системаи обрасонӣ, 763 маркази барқрасонӣ ва 14 ҳазор маркази санъатӣ бозсозӣ шудааст.

Тибқи охирин омори комиссариёи умури паноҳандагони Созмони Милал, як миллион паноҳандаи сурӣ дар Лубнон, 660 ҳазор паноҳанда дар Урдун ва 250 ҳазор паноҳанда дар Ироқ ва як миллиону 100 ҳазор паноҳанда низ дар Амрико ва Аврупо ҳузур доранд.

 

 

 

Барчасп