Асобати 2 гулула хумпора ба минтақаи Сабзи Бағдод
Манобеи хабарии Ироқ аз партоби 2 гулула хумпора ба атрофи Сафорати Амрико дар минтақаи Сабзи Бағдод хабар доданд.
Ба нақл аз Форс, 2 гулула хумпора шомгоҳи шанбе ба атрофи Сафорати Амрико дар минтақаи Сабзи Бағдод асобат кард.
Шабакаи Скай Нюз муддаӣ шуд, ки дар паи партоби ин ду хумпора масири мунтаҳӣ ба Сафорати Амрико дар Бағдод масдуд шуд. Дар паи шиллики ин хумпораҳо, болгардҳои амрикоӣ бар фарози сафорати ин кишвар дар Бағдод ба парвоз даромаданд.
Ҷузъиёти бештаре дар бораи ин хабар мунташир нашудааст.
Сафоратхонаи Амрико дар Ироқ бо 420 ҳазор метри мураббаъ бузургтарин макони депломатики ҷаҳон ба ҳисоб меояд, маконе ки мардуми Ироқ дар рӯзҳои ахир онро ҷосусхона номиданд ва таътилии онро хостор шуданд.