Набуди монеа сари роҳи ташкили давлати нави Лубнон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i50178-Набуди_монеа_сари_роҳи_ташкили_давлати_нави_Лубнон
Раиси парлумони Лубнон эълом кард, мушкиле барои ташкили давлати нав вуҷуд надорад магар он ки иттифоқе ғайри оддӣ рух диҳад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 21, 2020 12:33 Asia/Dushanbe
  • Набуди монеа сари роҳи ташкили давлати нави Лубнон

Раиси парлумони Лубнон эълом кард, мушкиле барои ташкили давлати нав вуҷуд надорад магар он ки иттифоқе ғайри оддӣ рух диҳад.

Ба нақл аз Форс, Набиҳ Берӣ гуфт, мушкиле вуҷуд надорад, ки монеи ташкили давлат дар имрӯз шавад, магар он ки амре ғайри оддӣ рух диҳад, ки монеи он шавад, ки умедворем интавр нашавад.

Берӣ гуфт, давлати нав пас аз ташкил, як маъмурияти асосӣ яъне ҳалли вазъияти молии кунуниро дорад, зеро агар вазъият ба ҳамин шакл идома пайдо кунад натиҷаҳои фоҷеаборе хоҳад дошт.

Вай дар бораи давлати оянда гуфт, ин давлат як давлати технократи комил хоҳад буд ҳатто агар мо акнун аз ҳомиёни он бошем.