Феврал 03, 2020 19:44 Asia/Dushanbe
  • Радди “муомилаи қарн”-и Амрико аз сӯи Созмони Ҳамкории Исломӣ

Созмони Ҳамкории Исломӣ  дар ҷаласае фавқулодда барои баррасии тарҳи сулҳи Амрико мавсум ба “муомилаи қарн” эълом кард, ҳар иқдоме, ки ҳуқуқи Фаластинро муҳаққақ накунад, намепазирад.

Ба гузориши Форс, дар нишасти имрӯз, ки дар сатҳи вазирони хориҷаи аъзои созмон баргузор шуд, ин ниҳоди исломӣ бар «мавзеи усулии худ дар ҳимоят аз миллати Фаластин ва муборизаи он то замони эҳқоқи ҳуқуқи машрӯъаш, яъне ташкили давлати мустақили дорои ҳокимият ба пойтахтии Қудси шарқӣ» таъкид кард.

Раёсати ҷаласаи имрӯзро, ки Арабистон бо содир накардани раводид барои ҳайати эронӣ, монеи ҳузури Теҳрон дар ин ҷаласа шуд, шоҳзода Файсал ибни Фарҳон, вазири умури хориҷаи Саудӣ ва Юсуф Ал Асимин, дабири кулли созмон ва Риёз ал-Молкӣ, вазири хориҷаи Ташкилоти худгардони Фаластин бар ӯҳда доштанд.

Юсуф ал-Асимин дар суханони ифтитоҳия бар ончӣ онро «ҳимояти собити созмон аз миллати Фаластин дар муборизаи одилонааш барои расидан ба ҳуқуқт миллӣ ва машрӯъаш ҷиҳати ташкили давлати мустақили Фаластин ба пойтахтии Қудси шарқӣ» хонд, таъкид кард.

Ин нишаст, ки намояндагони Саудӣ ва Иморот ҳозир нашуданд тарҳи Амрикоро маҳкум кунанд, ду рӯз пас аз нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодия Араб баргузор шуд, ки дар он ҷаласа низ тарҳи сулҳи Амрико мавсум ба “муомилаи қарн” рад шуда буд.