Апрел 28, 2020 18:17 Asia/Dushanbe
  • Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ: пешрафти Эрон моро нигарон мекунад

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо телевизиони ин режим гуфт: партоби моҳвораи низомии Эрон ва ҳар гуна пешрафти ин кишвар муҷиби нигаронии Тель-Авив шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-олам, Нафтали Беннет вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо канали 12 телевизеонии ин режим дар вокуниш ба партоби моҳвораи низомии "Нур" тавассути Эрон гуфт: "Партоби моҳвораи низомӣ дар Эрон нигаронии Исроилро барангехтааст ва ҳар гуна тавсиа ва пешрафти Эрон моро нигарон мекунад."

Моҳвораи "Нур" ба амалиёти нахустин моҳвораи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон 22 апрел аз моҳвораи бар се марҳилаи Қосиди сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо муваффақият партоб шуд ва дар мадори 425 километрии замин қарор гирифт.

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар идомаи гуфтугӯи худ ба мавзӯи тавофуқи эҳтимоли барои табодули асирон бо фаластиниҳо ҳам ишора кард ва муддаи шуд, ки талошҳои зиёде дар ин замина анҷом медиҳад ва дар ҳоли анҷоми фаъолиятҳо ва ибтикорҳое аст, ки қаблан иқдом ба он накардааст.

Яҳьё ал-Санвар раиси дафтари сиёсии Ҳаммас дар Ғаза ахиран эълом кард, ки ин ҷунбиш ба далели шуюи корона ҳозир аст дар сурати озодии асирони фаластинии солхурда, бемор, зан ва кӯдак, имтиёзоте ҷузъӣ дар парвандаи табодули асирон бидиҳад.