Лузуми муҳокимаи Арабистон ба иллати ҷиноят дар Яман
Раиси ҷумҳурии пешини Яман муҳокимаи Арабистони Саудӣ ба иллати куштор ва ҷинояту таҷовуз ба Яманро хостор шуд.
Алӣ Абдуллоҳи Солеҳ, раиси ҷумҳурии пешини Яман рӯзи душанбе бо баёни ин ки Арабистон душмани торихии мардуми Яман аст, афзуд, миллати Яман бояд аз касоне ки бо султагарӣ ба кишварашон ҳамла кардаву мардон, занон ва кӯдаконро ба хоку хун кашиданд, интиқом бигирад.
Раиси ҷумҳурии пешини Яман ҳамчунин аз таъйини Абдулазиз бин Ҳабтор барои ташкили давлати "Наҷоти миллӣ" аз сӯйи Шӯрои олии сиёсии Яман истиқбол ва таъкид кард, ин иқдом дар айни ҳол, ки барои ҳифзи ниҳодҳои миллӣ аз фурӯпошӣ зарурӣ буд, кӯмаки шоёне ба муваффақияти раванди гуфтугӯҳо ва дастёбӣ ба роҳи ҳалли мусолиматомез мекунад.
Гурӯҳи "Ансоруллоҳ" барои хуруҷи гуфтугӯҳои ҳалли буҳрони Яман аз бунбаст, Абдулазиз бин Ҳабторро барои ташкили давлати "Наҷоти миллӣ" таъйин кард.
Арабистон бо ҳамкории бархе кишварҳои арабии минтақа ва бо ҳамроҳии Амрико аз марти соли 2015 ҳамалоти густардаеро ба Яман оғоз кардааст, ки бар асари ин ҳамалот ҳазорон яманӣ куштаву захмӣ шудаанд.