Октябр 04, 2016 14:54 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи саҳюнистҳо ба густариши равобити Исроил бо террористҳо

Коршиносони масоили низомӣ ва роҳбурдии Исроил ба ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи режими саҳюнистӣ аз гурӯҳи террористии Ҷабҳаи Аннусра дар Сурия эътироф карданд.

Рофеъ Абутариф, коршиноси масоили низомӣ ва роҳбурдии Исроил дар гуфтугӯ бо шабакаи 10-и режими саҳюнистӣ кард, Исроил илова бар кушодани марзҳои Фаластини ишғолӣ ба рӯйи афроди гурӯҳи террористии Ҷабҳаи Аннусра, захмиҳои ононро дар бемористонҳои Исроил дармон ва дубора ба майдони ҷанг дар Сурия мунтақил мекунад.

Олон бин Дейвид, дигар коршиноси масоили роҳбурдӣ ва низомии Исроил дар гуфтугӯ бо шабакаи 10-и режими саҳюнистӣ низ бо эътироф ба гуфтугӯ ва иртиботи миёни Исроилу Ҷабҳаи Аннусра гуфт, ин иртибот ба далели манофеи Телавив аст.

Пештар ҳам Акрам Ҳасун аз аъзои Кнессет (порлумон) –и режими саҳюнистӣ бо ишора ба даргириҳои ҷорӣ дар минтақаи Ҷулони Сурия гуфт, мақомоти исроилӣ, аз ҷумла Авигдор Либерман, вазири ҷанги ин режим ба террористҳои Ҷабҳаи Аннусра дар Сурия ба шакли мустақим кӯмак мекунанд.