Фоҷиаи инсонӣ дар интизори якмиллион сурӣ дар Ҳасака
(last modified Sat, 22 Aug 2020 04:05:08 GMT )
Август 22, 2020 09:05 Asia/Dushanbe
  • Фоҷиаи инсонӣ дар интизори якмиллион сурӣ дар Ҳасака

Нерӯҳои Туркия ахиран дар устони Ҳасакаи Сурия, обро қатъ кардаанд ва беш аз як миллион шаҳрванди сурӣ дар ин устон ҳудуди 10 рӯз аст, ки оби ошомиданӣ надоранд.

Ба гузориши шабакаи Ал Олам, дар гармои тобистон ва дар рӯзҳое, ки мардум барои олуда нашудан ба вируси куруно ниёзманди оби бештаре барои назофати фардӣ ҳастанд, гурӯҳҳои ҳаводори Туркия дастгоҳи тасфияхонаи оби Алуки Ҳасакаро қатъ кардаанд.

Шӯрои шаҳри Ҳасака миқдори андаке оби ошомиданӣ барои мардум таъмин карда, аммо ин об кофӣ нест ва барои дарёфти он низ шаҳрвандон бояд соатҳои тӯлонӣ дар саф биистанд, ки ҳамин масъала хатари шуюи куруноро афзоиш медиҳад.

Мардуми Ҳасака барои таъмини об ба кандани чоҳҳои сатҳи рӯй овардаанд, аммо обе, ки аз ин роҳ ба даст меояд низ илова бар андак будан, ғайрибеҳдоштӣ ва зиёновар аст.

Ба гуфтаи коршиносон, Анкара қарордоди дуҷониба бо Димишқро дар заминаи таъмини оби Сурия поймол кардааст, чаро, ки бар асоси тавофуқи соли 1987 обрези рӯди Фурот бояд 500 метри мукааб дар сония бошад то мушкили беобӣ дар Сурия эҷод нашавад, аммо Туркия ҳамзамон бо таҳримҳои Амрико ва ҳамалоти паёпайи гурӯҳҳои террористӣ, ҷанги обро зидди мардуми Сурия ба вижа Ҳасака ва манотиқи атрофи он шӯълавар кардааст.

 

Барчасп