Сентябр 07, 2020 14:14 Asia/Dushanbe
  • Пидром: Амрико мазҳари терроризми давлатӣ аст

Раҳбари Ҳизби Конгираи миллии Афғонистон дар вокуниш ба таҳрими ду мақоми баландпояи Девони байналмиллалии кайфарӣ аз сӯи Вашингтон, Амрикоро мазҳари терроризми давлатӣ дар ҷаҳон донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ориё-Нюз, Абдулатиф Пидром рӯзи душанбе гуфт: Амрико мазҳари терроризми давлатӣ аст ва низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон муттаҳам ба ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият ҳастанд.

Беш аз ин Вазорати хазонадории Амрико эълом карда буд, ки Фаоту Бенсуда- додситони Девони байналмиллалии кайфарӣ ва Фокизо Мочочоко- раиси дафтари вайро ба феҳристи ашхоси таҳримшуда, афзудааст.

Давлати Амрико пештар низ шуморе аз коркунони Девони байналмиллалии кайфариро таҳрим карда буд.

Додситони Девони байналмиллалии кайфарӣ моҳи марти гузашта тасмим гирифт, ки таҳқиқот дар бораи ҷиноятҳои ҷангӣ ва зидди башарии низомиёни Амрико дар Афғонистонро оғоз кунад.

Фаоту Бенсуда, додситони Девони байналмиллалии кайфарӣ пештар гуфта буд мадорик ва иттилооте дар ихтиёр дорад, ки нишон медиҳад низомиёни амрикоӣ ба шиканҷа, куштор, таҷовузи ҷинсӣ ва поймол кардани каромати инсонӣ дар Афғонистон муттаҳам ҳастанд.

 

Барчасп