Октябр 14, 2016 18:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҷангандаҳои саудӣ ба Яман

Дар ҳамалоти бомбафканҳои саудӣ ба манотиқи мухталифи Яман, чанд ғайринизомии яманӣ кушта шуданд.

Ба гузориши "Алолам", дар ҳамалоти рӯзи панҷшанбеи мутаҷовизони саудӣ ба минтақаи Ҳарф Суфён, дар устон Умрони Яман, се кӯдак кушта шуданд.

Ҳамчунин дар ҳамалоти ҳавоии Арабистон ба минтақаи маскунӣ дар устони Иби Яман, як нафар кушта шуд ва се нафари дигар захмӣ шуданд.

Аз сӯйи дигар, артиш ва нерӯҳои мардумии Яман як ҳавопаймои ҷосусии Арабистонро дар устони Ҷизон, ҷануби Арабистон сарнагун карданд.

Артиш ва нерӯҳои мардумии Яман мавозеи низомиёни арабистониро дар Таиз, ҷануби Арабистон ҳадафи ҳамалоти тӯпхонаии худ қарор доданд.

Бар асари ин ҳамалот, шуморе аз низомиёни Арабистон кушта ва маҷрӯҳ шуданд ва таҷҳизоти низомии онҳо мунҳадим шуд.