Эътирофи ваҳшатноки як саркардаи ДИИШ дар Сурия +расм
Як саркардаи ҷинояткори ДИИШ, ки дар асорати нерӯҳои Сурия аст мегӯяд: Эъдомҳои ДИИШ ва куштани инсонҳо барои ӯ саргармӣ ба шумор меравад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин террористи Англия, ки ба "Шогирди марг" маъруф аст дар мусоҳиба бо рӯзномаи англисии Sunday Mirror ба ҷиноятҳои худ дар салиб кашидани мардуми бегуноҳ, сар буридани онҳо ва ҷасадҳоро ба бомҳо овехтанаш иқрор кардааст. Вай он қадар хун дидааст, ки эъдомҳои ДИИШ ва буридани узви қурбониёни бегуноҳ сирфан барои ӯ навъе саргармӣ маҳсуб мешавад.
Ин террорист, ки дар хидмати гурӯҳи такфирии ДИИШ дар Сурия ба амалҳои бад ва ваҳшиёна машғул аст, муддаӣ аст фаъолиятҳояш дар роҳи Худо будааст ва дар сурати озодӣ боз ҳам ба иқдомоти ваҳшиёнаи худ идома хоҳад дод.
Асил Мусаннои 24-сола дар як ҳуҷраи ниҳоят сард ва торик дар шимолу шарқи Сурия нигаҳдорӣ мешавад, аммо хандаҳои аҷиби ӯ ҳамаро ба ҳайрат меорад.
Асил ва бародараш Носир аз нахустин аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ буда ва баъдҳо ба саркардагони ин гурӯҳ табдил шуда ва дар расонаҳои иҷтимоӣ ба ҷазб ва истихдоми нерӯҳо аз кишварҳои хориҷӣ рӯй овардаанд.
Як манбаи амниятии Сурия дар изҳороти худ аз онҳо ба унвони "оҳанрабоҳои террористӣ" ном бурдааст, зеро шумори зиёде аз англисҳоро ба ин гурӯҳи террористӣ ҷазб кардаанд.
Ӯ махфиёна бо як зани доишӣ издивоҷ кардааст ва як писар дорад ва гуфтааст, ки мехоҳад бори дигар дар канори хонаводааш бошад ва иҷозаи вуруд ба Англияро ҳаққи худ медонад.
Бештар бихонед: