Октябр 17, 2016 10:41 Asia/Dushanbe
  • Оғози амалиёти бозпасгирии охирин қалъаи ДИИШ дар Ироқ

Ҳамалоти беамони нерӯҳои низомӣ ва мардумии Ироқ ба мавозеи такфириҳои ДИИШ, барои озодсозии Мусил оғоз шудааст.

Ба иттилои Алъолам, бадунболи эъломи фармони Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ барои бозпасгирии Мусил аз сайтараи ДИИШ, нерӯҳои амниятии ин кишвар бо ҳимояти нерӯҳои Ҳашад Алшаъбӣ (басиҷи мардумӣ) ва Пешмарга, ҳамалоти густардаеро ба мавозеи ДИИШ дар ин нуқоти мухталифи ин шаҳр оғоз ва маркази шаҳри Мусилро бомбборон карданд.

Дар ҳамин ҳол тупхонаи нерӯҳои мардумии Ироқ тунелҳо ва сангарҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҷануби Мусилро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор доданд .

Абдулғанӣ Аласадӣ, фармондеҳи нерӯҳои мубориза бо терроризми Ироқ аз аҳолии Мусил хост, ки аз манотиқи худ хориҷ нашаванд ва дар манозилашон бимонанд .

Дар ҳамин ҳол шоҳидони айнӣ аз фирори саркардагони ДИИШ ва хонаводаҳои онон ба Алраққаи Сурия хабар медиҳанд .

Мусил охирин пойгоҳи ДИИШ дар Ироқ аст, ки тасмими давлати Ироқ барои озодсозии он бо коршиканӣ ва монеътарошии Туркия ва Арабистон рӯ ба рӯ шудааст .

Амалиёти озодсозии Мусил аз се меҳвар оғоз шуда ва мавозеи ДИИШ тавассути тупхона ва ҳамалоти мушакӣ мавриди ҳадаф воқеъ шудааст .

Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ дар сооти аввалияи бомдоди душанбе расман оғози амалиёти озодсозии Мусил аз султаи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро эълом кард .