Вашингтон: Тааҳҳуди мо ба саудиҳо тазалзулнопазир аст
-
Сафорати Амрико ҳамалоти ахири ҳусиҳо ба подшоҳии Арабистони Саудиро маҳкум мекунад
Сафорати Амрико дар Риёз рӯзи душанбе зимни маҳкум кардани ҳамалоти ахири нерӯҳои мардумии Яман ба мавозеъе дар Арабистони Саудӣ эълом кард: Тааҳҳуди ин кишвар ба саудиҳо тазалзулнопазир аст.
Ба гузориши «Аларабия», ин сафоратхона дар паёме твиттерӣ бидуни ишора ба ҷиноёти Эътилофи Саудӣ алайҳи мардуми Яман ва эҷоди буҳрони инсонӣ дар ин кишвар навишт: «Сафорати Амрико ҳамалоти ахири ҳусиҳо ба подшоҳии Арабистони Саудиро маҳкум мекунад».
Дар ҳоле ки миллионҳо нафар аз мардуми Яман бо қаҳтӣ ва гуруснагӣ дасту панҷа нарм мекунанд, сафорати Амрико дар Риёз аз ҳамла ба «зерсохтҳои ғайринизомӣ ва ҳаётӣ»-и саудиҳо ибрози нигаронӣ карда ва нерӯҳои мардумии Яманро ба «беэҳтиромӣ ба ҷони инсонҳо ва беалоқагӣ ба сулҳ» муттаҳам кард.
Ин паём ба фосилаи чанд рӯз пас аз интишори гузориши даст доштани Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саудӣ дар қатли Ҷамоли Хошуқҷи, рӯзноманигори саудӣ ва маҳкум кардани зоҳирии он аз сӯи давлати нави Амрико мунташир шудааст.
Сафорати Амрико дар хоки саудиҳо дар идома менависад: «Иёлоти Муттаҳида дар канори подшоҳии Арабистони Саудӣ ва мардуми он меистад ва тааҳҳуди мо дар дифоъ аз подшоҳӣ ва амнияти он тазалзулнопазир аст».
Бештар бихонед:
- Вокуниши Арабистон ба гузориши давлати Амрико дар бораи қатли Хошуқҷи
- Вокунишҳо ба сиёсати эъломии давлати нави Амрико дар бораи Яман
- Ансоруллоҳ: Авзои кунунии Яман натиҷаи тавтеаҳои амрикоӣ-саудӣ аст