Октябр 22, 2016 19:11 Asia/Dushanbe
  • Эъдоми саркардагони ДИИШ ба хотири шикаст дар Мӯсил

Пас аз шикастҳои ахири ДИИШ дар Мӯсил-маркази устони Найнаво дар шимоли Ироқ, саркардаи ин гурӯҳи террористӣ, ҳукми эъдоми даҳҳо нафар аз саркардагони ин гурӯҳро содир кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии ироқии Шафақ ниюс, Абубакр Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ ҳукми эъдоми 59 нафар аз масъулони ин гурӯҳро ба далели музокира барои ақибнишинӣ аз шаҳри Мӯсил дар шимоли Ироқ, дар қиболи хуруҷи амн аз марзҳои Ироқ, содир кардааст.

Гузоришҳо аз таҳаввулоти майдонӣ аз амалиёти озодсозии Мӯсил ҳокист, нерӯҳои ироқӣ рӯзи шанбе дар идомаи амалиёти озодсозии Мӯсил, вориди маркази шаҳристони Алҳамдония дар ҷанубу шарқи Мӯсил шуда ва чанд сохтмони давлатиро аз ишғоли ДИИШ хориҷ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, генерал Сомир Исмоил-фармондеҳи нерӯи вокуниши сареъи артиши Ироқ дар пойгоҳи Алқиёра дар ҷануби Мӯсил аз бозпасгирии чанд рӯстои дигар аз ишғоли террористҳои такфирии ДИИШ хабар дод .

Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии Алолам гузориш дод, пулиси Ироқ, 125 хонаводаро, ки дар ҷанубу ғарби Мӯсил дар муҳосираи ДИИШ буданд, наҷот дод .

Амалиёти озодсозии Мӯсил аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ, душанбеи гузашта ( 17 октябр ) оғоз шудааст.