Октябр 24, 2016 20:37 Asia/Dushanbe
  • Бедории исломӣ дар масири шукуфоӣ

Нуҳумин нишасти Шӯрои олии Маҷмаи ҷаҳонии "Бедори исломӣ" дар Бағдод бо судури баёнияе ба кори худ поён дод. Ин баёния илова ба баррасии таҳаввулоти минтақа, аз ҷумла Ироқ, Сурия, Яман ва Фаластин, наҳзати бедории исломиро дар ҳоли шукуфоӣ эълом кардааст.

Нухбагон ва уламои ҷаҳони Ислом асри якшанбе дар баёнияи поёнии нишасти Бағдод таъкид карданд, наҳзати бедории исломӣ ба унвони як ҳақиқати равшан бо баракати арзишҳои исломӣ, бо парчамдории ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба вузуҳ дар сатҳи минтақа дар ҳоли шукуфоӣ аст. Дар ин баёния бо ишора ба талошҳои бесамари саҳюнизм барои рукуди бедории исломӣ таъкид гаштааст, бо вуҷуди ин талошҳо бедории исломӣ нафақат дучори рукуд нашуда, балки рӯз то рӯз камол ёфта, бо ҷилваҳои ҷадиду равишҳои гуногун дар ҳоли пешравӣ аст.

Маҷмаи ҷаҳонии "Бедории исломӣ" бо ибтикори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳудуди 6 сол пеш ташкил шуд. Бо шурӯи мавҷи ҷадиди бедории исломӣ дар минтақаи шимоли Африқо, ғарби Осиё дар соли 2011 ва тарроҳии тавтеаҳои зидди он ба ташкили маҷмаъ ва марказе, ки ҳаракатҳои мардумиро ҳидоят ва тавтеаҳои душманони ҷаҳони Исломро баён кунад, зарурат пайдо шуд. Дар чунин шароит Маҷмаи ҷаҳонии "Бедории исломӣ" шакл гирифт. Бо раҳнамоиҳои Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар бораи зарурати ваҳдати рӯзафзуни уммати исломӣ дар баробари ҳаҷми густардаи тавтеаҳои душманони бедории исломӣ дар сатҳи минтақа ба хубӣ дар Ироқ, Сурия, Баҳрайн, Яман ва сарзамини Фаластин қобил мушоҳида ва дар ҳоли идома ёфтан аст.

Ваҳдати исломӣ ва басират ба унвони ду роҳбурди аслӣ барои идомаи бедории исломӣ ва муқобила бо иқдомоти мухарриби душманон дар баробари ин наҳзати мардумӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Ин ду роҳбурд имрӯз дар сатҳи мардум, уламои Ислом ва давлатҳои исломӣ қобили мушоҳида аст ва ба дурустӣ дар баробари тарҳҳои душманон бедории исломӣ дар Ироқ, Сурия, Яман, Баҳрайн ва Фаластин истодагӣ мекунанд. Нишасти "Бедории исломӣ" дар Ироқ, кишваре, ки дар хати пеши ҷанг бо терроризм, ДИИШ қарор дорад, нишон дод, кишварҳои исломӣ аз мардуму давлати ин кишвар дар баробари тавтеаи шуми душманон дифоъ мекунанд. Муборизаи мардуми Ироқ ҳамроҳи мардуми Сурия ва Яман бо тавтеаҳои мухталиф далели барҷастае дар робита ба идомаи бедории исломӣ аст.

Уламои ҷаҳони Ислом, ки аз 22 кишвар дар нишасти Бағдод ҳузур доштанд, яксадо аз тамомияти арзӣ, ҳокимияти миллии Сурия ва Ироқ дар баробари терроризму тавтеаи душманон ва низ муборизаи мардуми Яману Фаластин дар баробари мутаҷовизон ва ишғолгарон ҳимоят карданд. Душманони ҷаҳони Ислом бо равишҳои мухталиф талош доранд, шикоф ва тафриқаро дар байни кишварҳои исломӣ эҷод кунанд. Фароҳам кардани масири ҳамвор барои вуруди террористҳои хориҷӣ аз манотиқи мухталифи ҷаҳон ба Сурия ва сипас Ироқ дар чорчӯби тарҳи таҷзияталбонаи душманон дар ҷаҳони Ислом қобили арзёбӣ аст. Ҳузури мардуми Ироқ дар хати муқаддами ҷанг, истодагӣ ва пойдории ҳудуди 6-солаи мардуми Сурия дар баробари таҳаррукоти террористҳои такфирӣ ва ҳомиёни хориҷи онон, исрори мардуми Яман барои доштани давлати мустақил ва демократӣ бо вуҷуди ҷинояти ҷангӣ ва зиддибашарии эътилофи Саудӣ ва интихоби интифоза ба унвони ягона гузинаи мардуми Фаластин дар баробари ишғолгарии Исроил нишондиҳандаи ҳаракати давомдори бедории исломӣ дар минтақа бо иттико ба раҳнамоии Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ аст.