Шаҳодати ҷавони шиаи баҳрайнӣ дар зиндони Оли Халифа
(last modified 2021-06-09T16:00:55+00:00 )
Июн 09, 2021 21:00 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати ҷавони шиаи баҳрайнӣ дар зиндони Оли Халифа

Ба дунболи сиёсати хунукназаронаи пизишкии омидонаи оли Халифа, як зиндонии сиёсии баҳрайнӣ, ки ба корона мубтало шуда буд, дар яке аз зиндонҳои ин режим ба шаҳодат расид.

Ин ҷавони баҳрайнӣ, ки Ҳусайн Баракот ном дорад, пештар дар зиндонҳои Оли Халифа ба корона мубтало шуда буд.

Бар асоси ин гузориш, хонаводаи Баракот ва фаъолони ҳуқуқи башарӣ дар Баҳрайн, оли Халифаро масъули аслии шаҳодати ӯ донистаанд.

Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башарии Баҳрайн, то кунун ҳаддиақал 240 маврид аз ибтило ба корона дар зиндони марказии Баҳрайн, мавсум ба “Ҷав” ва боздоштгоҳи “Ҳавз-ал-Ҷоф” ба сабт расидааст.

Набуди имконоти беҳдоштии муносиб барои зиндониён, идомаи бадрафторӣ, шиканҷа ва таомули ғайриинсонӣ бо онҳо дар зиндонҳо, мавҷи наве аз нигаронӣ ва ваҳшатро дар миёни хонаводаҳои зиндониён эҷод кардааст.

Баҳрайн тайи ду моҳи гузашта ҳар рӯз саҳнаи даҳҳо тазоҳуроти эътирозомез барои озодии зиндониён буда, ки тайи чандин соли гузашта бесобиқа будааст.

Бинобар эъломи ҷамъияти Алвифоқ, аз оғози инқилоби Баҳрайн дар феврали соли 2011 то кунун зиндонҳои Баҳрайн шоҳиди беш аз 18000 зиндонии сиёсӣ будааст ва ҳамакнун беш аз 2000 зиндонии сиёсӣ дар ин зиндонҳо ба сар мебаранд.

Ҷамъияти Алвифоқи Баҳрайн бо ба садо даровардани занги хатар дар хусуси вазъияти фоҷеабори густариши корона дар сатҳи Баҳрайн ва дар зиндонҳои он таъкид кардааст, ин ҳаққи табиии зиндониёни сиёсӣ аст, ки озод шаванд.

 

Бештар бихонед: