Эъломи омодагии қабоили Яман барои муқобила бо саудиҳо
Даҳҳо қабилаи яманӣ барои посух ба ҳамалоти режими саудӣ ба ин кишвар ва эъзоми нерӯи довталаб ба манотиқи ҷангӣ бо ҳадафи дифоъ аз Яман эъломи омодагӣ карданд.
Ба гузориши рӯз якшанбеи "Пресс ТВ", ба нақл аз шабакаи ямании "Алмасира", қабилаи бани Матар рӯзи шанбе дар вокуниш ба идомаи ҳамалоти ҷангандаҳои арабистонӣ ба Яман ва куштори ғайринизомиён омодагии худро барои мубориза бо режими саудӣ ва муздурони он эълом кард.
Қабоили Билодаррус дар вилояти Санъо, пойтахти Яман, қабоили минтақаи Ашшарифайн дар вилояти Ҳаҷҷа, қабоили бани Сарроъ дар Шағодара, қабилаи Алқаромиш дар вилояти Маъриб, шайхҳо ва мардуми Алмансурия ва мардуми дигар манотиқи Яман рӯзи шанбе дар тазоҳуроте бар дифоъ аз ин кишвар муқобили ҳамалоти режими саудӣ ва муздурони он таъкид карданд.
Мардуми Яман ва аъзои қабоили мухталифи яманӣ изҳор карданд, ҳамаи мардуми ин сарзамин дар канори ҳам барои муқобила бо режими саудӣ ва муздурони он истодаанд.
Хабари дигар ин ки беш аз 60 нафар дар ҷадидтарин ҳамалоти ҷангандаҳои саудӣ ба вилояти Ҳадида, дар ғарби Яман ҷон бохтаанд.
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар се ҳамлаи ҷудогонаи дигари ҷангандаҳои саудӣ, боздоштгоҳҳо ҳадаф қарор гирифтанд, ки бо талафоте ҷонӣ ҳамроҳ буд.
Арабистон бо ҳимояти Амрико ва режими саҳюнистӣ аз марти соли 2015 бо ҳадафи бозгардонидани қудрат ба Абдурабеҳ Мансури Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии мустаъфии Яман ва тазъифи ҷумбиши Ансоруллоҳ ҳамалоти ҳавоии худро ба ин кишвари фақир оғоз кардааст.
Бар асоси оморҳои Созмони милал, дар ин ҳамалот беш аз 10 ҳазор нафар кушта шудаанд.