Ҳимоят аз ғайринизомиён дар авлавияти амалиёти нерӯҳои Ироқ дар Мусил аст
Амалиёти нерӯҳои мардумӣ ва артиши Ироқ дар меҳварҳои мухталифи Мусил, марказ вилояти Найнаво, шимоли ин кишвар бо пешравии нерӯҳои Ироқ ва ақибнишинии пайравони ДИИШ ба манотиқи шимолию ғарбии Мусил идома дорад.
Сарлашкар Наҷм Ҷабурӣ, фармондеҳи амалиёти Найнаво имрӯз, чаҳоршанбе, бо ишора ба пешравии нерӯҳои Ироқ дар меҳварҳои амалиёти Мусил гуфт, ҳалқаи дифоии ДИИШ дар наздикии ин шаҳр дар ҳоли фурӯпошӣ аст, аммо ба манзури ҳифзи ҷони ғайринизомиён пешравӣ ба маркази Мусил бо эҳтиёт анҷом мешавад. Фармондеҳи амалиёти Найнаво шумори рустоҳои озодшударо дар меҳвари ҷанубии Мусил ҳудуди 60-то эълом карда гуфт, озодии манотиқи ҷанубии Мусил пешравии нерӯҳои Ироқро ба сӯйи маркази шаҳр суръат мебахшад.
Вазорати умури дохилии Ироқ ҳам бо интишори баёнияе эълом кард, дар ҳоле ки пешравии нерӯҳои Ироқ зидди мавзеъҳои гурӯҳи террористи ДИИШ дар меҳварҳои мухталиф идома дорад, нерӯҳои Ироқ зимни озодсозии садҳо километри мураббаи минтақа беш аз 1100 террористро ба ҳалокат расондаанд. Дар ҳамин ҳол, Ситоди амалиёти муштараки нерӯҳои Ироқ бо шарҳи охирин вазъияти набардҳои майдонӣ озодсозии масири иртиботии Мусил - Бағдод, поксозии бинои телевизион, озодсозии шаҳраки Ҳаммом Алил, минтақаи Шалолот ва Самоҳро, воқеъ дар шарқи Мусил муҳимтарин дастоварди нерӯҳои Ироқ дар шонздаҳумин рӯзи амалиёти озодсозии Мусил баршумурд. Ин ситод ҷилавгирӣ аз талафоти ғайрнизомиён ва тахриби маконҳои давлатиро монеи пешрафти сареи амалиёти Мусил дониста, хотирнишон кард, авлавияти нерӯҳои Ироқ ҳифзи ҷони ғайринизомиён аст.
Ба гуфтаи Наброс Макукӣ, фармондеҳи утоқи амалиёти муштараки озодсозии шаҳри Мусил, гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ бо вуруди нерӯҳои Ироқ ба шаҳри Мусил садҳо хонаводаи ироқиро дар манотиқи Хазроъ, Қудс ва Кирома ба гаравгон гирифтааст. Макукӣ афзуд, гурӯҳи террористии ДИИШ аз ғайринизомиёни Ироқ ба унвони сипари инсонӣ барои ҷилавгирӣ аз пешравии нерӯҳои Ироқ дар дохили шаҳри Мусил истифода мекунад ва манзилу мошинҳои ононро бомбгузорӣ кардааст.
Рӯзи гузашта Комиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони Милал ҳушдор дода буд, гурӯҳи такфирии саҳюнистии ДИИШ бо интиқоли ҳазорон ғайринизомӣ ба дохили шаҳри Мусил талош дорад, то аз ғайринизомиён ба унвони сипари инсонӣ дар набарди Мусил истифода кунад. Бар асоси гузоришҳо, танҳо ҳудуди 600 ҳазор кӯдак дар Мусил, шимоли Ироқ дар банди террористҳои ДИИШ гирифтор ҳастанд. Ҳамзамон бо таҳаввулоти амниятӣ дар Мусил, дувумин шаҳри муҳими Ироқ ва маркази аслии истиқрори террористҳои ДИИШ намояндагии Созмони Милал дар Ироқ дар гузорише эълом кард, дар ҳамалоти террористии моҳи октябр дар Ироқ 1792 тан кушта ва 1385 тани дигар захмӣ шудааст. Бар асоси гузориши рӯзи сешанбеи ин ниҳод, гурӯҳи террористии ДИИШ бо ҳадафи сипари инсонӣ қарор додани мардум ва истифода аз онҳо ба ин шева омори қурбониёнро дар Ироқ афзоиш додааст.
Ба гуфтаи масъулони Ироқ, пас аз муваффақияти нерӯҳои Ироқ ва шикастҳои пай дар пайи гурӯҳи террористии ДИИШ дар манотиқи мухталифи ин кишвар, бавижа дар вилояти Мусил амалҳои террористии ДИИШ дар шаҳрҳои Ироқ афзоиш ёфта, ин гурӯҳи террористӣ ба куштори ғайринизомиён рӯй овардааст.