Сентябр 14, 2021 11:23 Asia/Dushanbe
  • Насруллоҳ: Аз ташкили давлати ҷадиди Лубнон истиқбол мекунем

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон душанбешаб дар суханоне аз ташкили кобинаи давлати ҷадиди ин кишвар истиқбол кард.

Ба гузориши «Алмаёдин», Насруллоҳ гуфт: Мо аз ташкили кобинаи давлат истиқбол мекунем ва аз ҳамаи касоне ки дар ин амри муҳим нақш доштанд, ташаккур мекунем.

Вай афзуд: Аз Ҳасон Даёб, нахуствазири пешбурди умур ба хотири сабраш ва қабули ин масъулият ташаккур мекунем.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идома гуфт: Авлавияти давлати кунунӣ бояд наҷоти кишвар аз фурӯпошӣ, анҷоми ислоҳоту маишати мардум бошад.

Насруллоҳ дар бахши дигаре аз суханонаш ба мавзӯи киштиҳои ҳомили сӯхт аз Эрон ба Лубнон ишора кард ва гуфт: Мо дар хусуси киштии аввал ду гузина доштем: Лубнон ё Сурия.

Вай афзуд: Барои ин ки бархе тарафҳо дучори мушкил нашаванд, тасмим гирифтем то ин киштӣ ба Сурия ирсол шавад ва мувофиқати аввалия барои мизбонӣ аз ин киштӣ анҷом шуд.

Ҳасан Насруллоҳ изофа кард, муҳосиботи бархеҳо, ки мегуфтанд ваъдаи эъзоми киштӣ масрафи расонаӣ дорад ва муҳаққақ намешавад ва умедвор буданд исроилиҳо киштиҳоро ҳадаф қарор диҳанд, иштибоҳ аз об даромад.

Вай афзуд: Исроил дар тангно аст ва муодилаи боздорандагии мавҷуд аз расидани киштии нахуст ҳимоят кард.

Насруллоҳ ҳамчунин гуфт: Муқаддамоти идорӣ барои ирсоли киштии сеюми ҳомили бензин аз Эрон низ анҷом шудааст ва киштии чаҳорум низ ҳомили сӯхти дизелӣ хоҳад буд ва баъдан фиристода хоҳад шуд. Давлати ҷадид дар бораи киштиҳои баъдӣ тасмим хоҳад гирифт.

Вай гуфт: Мо ба дунболи тиҷорату касби суд аз ин киштиҳо нестем ва ҳадафи мо коҳиши ранҷи мардум аст ва ин сӯхт ба тамоми гуруҳҳову манотиқи Лубнон дода мешавад ва ин тавр нест, ки ба гуруҳе дода шавад ва аз гуруҳе дареғ гардад.

Ӯ афзуд: таъмини сӯхт барои бемористонҳои давлатӣ, осоишгоҳҳову хонаҳои солмандон ройгон хоҳад буд ва таъкид кард, ки сӯхт бояд ба дасти мардум бирасад ва набояд ба бозори сиёҳ бирасад.

 

Бештар бихонед: