Таҷаммуъи мардуми Бағдод пас аз фарохони гуруҳҳои муқовимат
Мардуми Бағдод бар сохти бинои ёдбуди шаҳидон, сардори сипаҳбад Қосим Сулаймонӣ-фармондеҳи неруии Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис-муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ ( Ҳашдуш-шаъбӣ ) дар фурудгоҳи Бағдод таъкид карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи Алараби Алҷадид, пас аз фарохони гуруҳҳои муқовимат барои таҷаммуъ дар маҳалли шаҳодати шаҳидон Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис шумори зиёде аз мардуми Бағдод шанбешаб гирди ҳам омаданд ва бар сохти бинои ёдбуд барои ин ду шаҳид таъкид карданд.
Муътаризони ироқӣ таъкид карданд хостори насби бинои ёдбӯди шаҳидони Сулаймонӣ ва Алмуҳандис дар маҳали ҳамлаи Амрико ҳастанд. Ин дар ҳоле аст, ки чанд рӯзи пеш низ дабирхонаи Бағдод муддаӣ шуда буд, ки наметавон ҳеҷ сохтусозе дар ин минтақа анҷом дод.
Ҷаббор Алмаъмурӣ-раиси Иттиҳодияи уламои мусулмон дар устони Диёлаи Ироқ ҳам гуфт: Бархе аз масъулони фурудгоҳи Бағдод бо фишори хориҷӣ бо эҳдоси бинои ёдбуд барои фармондеҳони пирӯзӣ (Сулаймонӣ ва Алмуҳандис ) дар дохили фурудгоҳ мухолифат карданд.
Алмаъмурӣ таъкид кард: Тазоҳуроти мардуми Ироқ мусолиматомез аст ва ҳадафи он эҳдоси ин бино дар дохили фурудгоҳ аст, то ҳамаи ҷаҳон ҷинояти Амрикоро бибинанд . Ин тазоҳуротҳо идома хоҳад дошт ва то замони амалӣ шудани ин хостаҳо, ки сохти ин бинои ёдбуд аст, мутаваққиф нахоҳад шуд.
Сардор Қосим Сулаймонӣ-фармондеҳи неруии Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки сеюми январи 2020 ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис-муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ ( Ҳашдуш-шаъбӣ ) ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавои неруҳои мутаҷовизу террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ, ба шаҳодат расид.