Феврал 27, 2022 11:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мутаҷовизони саъудӣ ба фурудгоҳи Санъои Яман

Мутаҷовизони саъудӣ бори дигар бомдоди якшанбе фурудгоҳи байналмиллалии Санъо- пойтахти Яманро бомбаборон карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алмаёдин, ба дунболи ин ҳамалот чандин инфиҷор дар ин фурудгоҳи байналмиллалӣ рух додааст .
Ҳамла ба фурудгоҳи ғайринизомии Яман аз сӯи мутаҷовизони саъудӣ дар ҳоле рух медиҳад, ки пештар Файсал бин Фараҳон оли Сауд-вазири умури хориҷаи Арабистон бо эъломи тарҳи оташбас дар Яман иддао кард, оташбас таҳти назорати Созмони Миллал хоҳад буд.
Аз сӯи дигар Муҳаммад Абдусалом-раиси ҳайати музокиракунандам давлати Наҷоти миллии Яман дар вокуниш ба тарҳи Арабистон барои поён додан ба ҷанги Яман гуфт, ки дар ин тарҳ матлаби тозае вуҷуд надорад ва Арабистон ҳамвора оташбаси иддаоиро поймол кардааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп