Ноябр 20, 2016 19:18 Asia/Dushanbe
  • Ҷангандаҳои саудӣ Саъдаро бомбаборон карданд

Ҷангандаҳои саудӣ дар идомаи таҷовузоти худ алайҳи мардуми Яман, минтақаи Қаҳза, дар вилояти Саъда, дар шимоли Яманро бомбаборон карданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алмасира”, ҷангандаҳои Арабистон шаби гузашта се пул дар бахши Салу, дар вилояти Таиз, дар ҷануби ғарби Яман ва бахши Сарвоҳ дар вилояти Маъриб, дар маркази Яманро бомбаборон карданд.

Дар ҳамалоти хумпораии муздурони саудӣ ба вилояти Таиз, дар шаби гузашта шуморе аз шаҳрвандони яманӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Нерӯҳои артиши Яман ва нерӯҳои Ансоруллоҳ низ дар ҳамалоти талофиҷуёнаи як мушаки баллистикӣ ба мавозеи низомиёни Арабистон дар мантиқаи Наҷрон шиллик карданд.

 Нерӯҳои артиши Яман ҳамчунин талоши муздурони саудӣ барои пешравӣ ба самти саҳро дар вилояти Ҳаҷҷа, дар шимоли Яманро ноком гузошта ва хисоратҳое ба онон ворид карданд.

Дар ҳамин ҳол, шумори зиёде аз нерӯҳои тарафдори Абдурабеҳ Мансури Ҳодӣ дар ҳамалоти иштибоҳии шаби гузаштаи ҳавопаймоҳои саудӣ дар шимоли саҳрои Миди кушта шуданд.

Таҷовузи нерӯҳои саудӣ дар шароите сурат гирифтааст, ки режими Риёз субҳи шанбе аз барқарории оташбаси 48 соата дар Яман хабар дода буд.

Дар ин ҷанг то кунун беш аз 11 ҳазору 400 яманӣ, ки бештарашон ғайринизомӣ ҳастанд, кушта шудаанд.