Апрел 26, 2022 21:06 Asia/Dushanbe
  • Вуқуъи инфиҷори террористӣ дар шимоли Бағдод
    Вуқуъи инфиҷори террористӣ дар шимоли Бағдод

Расонаҳои ироқӣ аз вуқуъи инфиҷори террористӣ дар минтақаи Алтормия дар шимоли Бағдод хабар доданд.

Бо вуҷуди он ки давлати Ироқ дар декабри соли 2017 аз озодии тамоми манотиқи ишғоли дар дасти террористҳои ДИИШ хабар дода аст бо ин вуҷуд бақои ДИИШ дар қолаби ҳастаи кучак дар манотиқи Саъбулубур ва умдатан дар устонҳои Диёла, Аланбор, Салоҳиддин ва Найнаво махфи шуданд ва ҳар аз гоҳе даст ба амалиёти террористӣ зидди нерӯҳои низомӣ ва мардуми одди мезананд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал-Аҳд як манбаъи амниятии Иқоқ рӯзи сешанбе эълом кард, дар пайи юриши нерӯҳои низомии ин кишвар ба мақри террористҳо дар шимоли Бағдод як террористе, ки камарбанди инфиҷорӣ бар тан дошт худро мунфаҷир карда аст.

Бар асоси ин гузориш дар пайи инфиҷори камарбанди инфиҷори дар Алтормия, теъдоди аз нерӯҳои ироқӣ шаҳид ва маҷруҳ шуданд.

Маркази иттилоърасонии амниятии Ироқ дар баёния ин инфҷорро тайид ва эълом кард ду террористе, ки яке аз онҳо камарбанди инфиҷорӣ бар тан дошт дар Алтормия кушта шуданд.

Канали телеграмии Собирин Нюз гузориш дод, баталёни 12 созмони Ал-Ҳашдушаъбии Ироқ пас аз юриши нерӯҳои артиш дар Алтормия мустақар шуда аст.

Дар моҳҳои ахир ҳамалоти унсурҳои ДИИШ дар бахшҳои шарқӣ ва шимолии Ироқ афзоиш ёфта аст, бисёри аз мардум ва гуруҳҳои ироқӣ афзоиши таҳарукоти ДИИШ дар Ироқро маълули нақши Амрико медонанд то аз ин тариқ битавонанд ба ҳузури ишғолгаронаи худ дар Ироқ идома диҳад.

 

Барчасп