Декабр 05, 2016 10:56 Asia/Dushanbe
  • Кашфи маркази расонаии ДИИШ дар Мусил

Нерӯҳои Полиси федерали Ироқ маркази расонаии гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар ҷануби Мусил кашф карданд.

Ба иттилои Алманор, Шокир Ҷавдат, фармондеҳи полиси Ироқ рӯзи якшанбе эълом кард, ки нерӯҳои ин полис, маркази расонаии ДИИШ-ро дар Фалака Алмишроқ воқеъ дар ҷануби Ҳаммомалъалил дар меҳвари ҷанубии шаҳри Мусил кашф кардаанд.

Ба гуфтаи Шокир Ҷавдат, аз маркази расонаии ДИИШ теъдоди зиёде дурбинҳои аккосӣ, филму асноди муҳими мутааллиқ ба гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ бадаст омадааст.

Ироқ аз 8 июни 2014 токунун бо буҳрони ношӣ аз ишғоли манотиқи зиёде аз шаҳрҳои шимолу ғарби худ тавассути гурӯҳаки террористии ДИИШ мувоҷеҳ будааст, дар чанд моҳи ахир нерӯҳои мардумӣ ва артиши Ироқ муваффақ шудаанд, чанд шаҳри ин кишвар аз ҷумла Алрамодӣ, Тикрит ва Фаллуҷаро аз дасти террористҳои такфирии ДИИШ озод кунанд.

Амалиёти озодсозии Мусил аз 17 октябри гузашта, бо дастури нахуствазири Ироқ, аз шаш меҳвар оғоз шуда ва нерӯҳои амниятии ин кишвар аъм аз нерӯҳои артиш, полиси федерал, довталаби мардумӣ ва Пешмарга аз ибтидои амалиёти Мусил токунун, даҳҳо минтақа ва русторо аз вуҷуди террористҳои ДИИШ озод кардаанд.

 

Барчасп