Дидори ноиб раиси гурӯҳи дустии парлумони Сурия бо Амир Абдуллоҳиён
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i93480-Дидори_ноиб_раиси_гурӯҳи_дустии_парлумони_Сурия_бо_Амир_Абдуллоҳиён
Ноиб раис гурӯҳи дусти- парлумони Сурия ва Эрон ва ҳайати ҳамроҳ бо вазири умури хориҷаи Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 02, 2022 12:20 Asia/Dushanbe
  •  Ҳайфоъ Ҷумъа пешрафтҳои илмӣ дар Эронро сутудани донист ва онро муқовимат ва истодагии мардуми Эрон дар баробари таҳримҳои золимона арзёбӣ кард
    Ҳайфоъ Ҷумъа пешрафтҳои илмӣ дар Эронро сутудани донист ва онро муқовимат ва истодагии мардуми Эрон дар баробари таҳримҳои золимона арзёбӣ кард

Ноиб раис гурӯҳи дусти- парлумони Сурия ва Эрон ва ҳайати ҳамроҳ бо вазири умури хориҷаи Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Амир Абдллоҳиён дар ин дидор бо ишора ба нақш ва ҷойгоҳи маҷолиси дукишвар дар пайгирии тавсиаи муносиб дар абъоди мухталифи ҳамкориҳои фимобайн, зарурати иҷросозии тавофуқоти дукишвар дар ҳавзаҳои иқтисодиро дар сатҳи зарфиятҳои мавҷӯди мавриди таъкид қарор дод.

Ҳайфоъ Ҷумъа ноиб раиси гурӯҳи дусти- парлумони Сурия ва Эрон низ дар ин дидор бо ишора ба равобити роҳбурдии дукишвар, қадрдонии мардуму давлати Сурия аз истидагии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар канори мардуми Сурия дар ҷанг алайҳи терроризм ва ифротигариро мавриди таъкид қарор дод.

Вай бо адои эҳтиром ба шуҳадои ҷанг алайҳи терроризм дар Сурия, ёду номи сардори бузурги муқовимат Шаҳид Сулаймониро дар дили мардуми Сурия ба унвони намоди фадокорӣ ҳамвора зинда донист ва аз ин шаҳодат ба унвони нишонаи доштани душмани воҳиди мардуми дукишвар ёд кард.

Ноиб раис гурӯҳи дусти- парлумини Сурия ва Эрон  бо таваҷвҳ ба боздиди анҷом шуда аз яке аз марокизи хонаи халоқият дар Теҳрон, пешрафтҳои илмӣ дар Эронро сутудани донист ва онро муқовимат ва истодагии мардуми Эрон дар баробари таҳримҳои золимона арзёбӣ кард.